БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН ДАР МАВРИДИ ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИНҲОИ КИШОВАРЗӢ МАСЪУЛИЯТИ БЕШТАР ЭҲСОС МЕКУНАНД

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Рушди деҳот ба истифодаи оқилонаву самараноки заминҳои кишоварзӣ ва рӯёнидани ҳосили дилхоҳ тавъам буда, дар ин замина сокинон барои истифодаи мақсаднок ва истеҳсоли маҳсулоти дилхоҳ, ки асоси таъмини маводи ғизоии онҳо маҳсуб меёбад, пайваста кӯшиш менамоянд. Имрӯзҳо сокинони ноҳияи дурдасти Шамсиддин Шоҳин бо эҳсоси баланди ватандорӣ ва риояи расми ниёгон дар заминҳои кишоварзӣ, хосатан заминҳои наздиҳавлигӣ ба нигоҳубин ва парвариши зироатҳои донагию лубиёгӣ ва обчакорию боғдорӣ машғуланд.

Дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем!» раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Назарзода Толибҷон дар деҳаҳои Туданӣ ва Девдори Ҷамоати деҳоти Шӯрообод бобати мусоидат ба корҳои таблиғотӣ доир ба масъалаи пешгирии бемории ҳамагири короновирус ва омӯзиши ҳолати воқеии истифодаи заминҳои кишоварзӣ назарсанҷӣ гузаронид.

Дар деҳаҳои болозикр сокинон ба моҳияти истифодаи самараноки заминҳо дар доираи дастури Роҳбарияти олии сиёсии мамлакат, Пешвои муаззами  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амиқан сарфаҳм рафта, дар ин масир гомҳои устувор гузоштаанд. Дар баробари он ки заминҳо самаранок истифода мешаванд ба масъалаи рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ ва истеҳсоли асали хушсифат эътибори зарурӣ дода, дар ҳар як кӯчаю маҳалла 4-5 нафар дар заминҳои наздиҳавлигӣ ба парвариши оилаҳои занбӯри асал машғуланд. Дар баробари рушди соҳаи боғдорӣ, ки як одати маъмулии сокинони кӯҳистон гаштааст, рушди соҳаи занбӯрпарварию чорводорӣ дар оянда ба таъмини бозори истеъмолии сокинон асос ёфта, бобати беҳтару хубтар шудани шароити зиндагии онҳо мусоидати фаъол менамояд.

Умдатан, сокинони деҳаҳои Девдор ва Туданӣ дар баробари машғул будан ба дарави алаф ва захираи хошок барои чорво дар фасли сармо ба масъалаи истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ бетаваҷҷуҳ нестанд ва  бо истифода аз шароити обу хок барои рӯёнидани ҳосили дилхоҳи зироатҳои кишоварзӣ пайваста заҳмат мекашанд. Ҳангоми назарсанҷӣ дар масъалаи ислоҳи камбудиҳои ҷузъӣ ва корҳои омодагӣ ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули «хона ба хона» ба сокинон тавсияҳои муфид дода шуда, онҳо ба корҳои ободонию созандагӣ таблиғ гардиданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg