ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ва дар якҷоягӣ бо намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 23- май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии ҳизбӣ таҳти унвони “Варзиш ин солимии миллат аст ” доир гардид.
Чорабинии варзишӣ дар толори варзишии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Варзиш” гузаронида шуда, бо ҷавонону наврасон байни ҳам бо бозии варзиши сабук “тек вандо” қввваозмоӣ карданд.
Дар мусобиқаи варзишӣ наврасону ҷавонон аз муассисаҳои таълимии ноҳимяи Қубодиён иштироки фаъолона намуда, онҳо байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар охир аз ҷониби ҳакамон ғолибон муайян карда шуда, онҳо бо туҳфаҳои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан ” ва Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён сарфароз гардонида шуданд. Чунин чорабьиниҳои варзишӣ дар ноҳияи Қубодиён бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ пайваста идома доранд.