
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориии сироятии коронавирус бо иштироки фаъолонаи аъзои маҳфили волонтёрон ҷиҳати безарар гардонидани муҳити зист дар маҳаллаи Давлатобод ва кӯчаи Бадахшон корҳои дезинфексионӣ доир гардида, роҳу роҳравҳо, манзили зисти сокинон ва биноҳои маъмурии ташкилоту муассисаҳои дар ин кӯчаҳо ҷойгирбударо бо маҳлули гипохлориди калсий безарар гардониданд.