ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо усули “хона ба хона” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии ноҳияи Хуросон дар деҳаи Меҳнат вобаста ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, Президентӣ, хоҷагӣ ва риояи қоидаҳои гигиенӣ барои пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус баргузор гардида, дар он барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани кишти зироатҳои кишоварзӣ, бахусус кишти такрорӣ бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ва риояи қоидаҳои беҳдошти саломатӣ тавсияву пешниҳодҳо ба сокинон дода шуд. Дар идомаи суҳбат аз ҷониби масъулин таъкид карда шуд, ки агар мо шаҳрвандон ба риояи гигиенаи шахсӣ, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ дар ҷойҳои серодам ҷиддӣ муносибат кунем, метавонем бе ягон мушкилот аз ин бемории хатарнок эмин бимонем. Дар охир ба аҳолӣ муроҷиатномаи ҳизбӣ ва тавсияномаҳо тақсим карда шуданд.