БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН НАҲЗАТИҲОРО ДУШМАНИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ МЕДОНАНД

ВОКУНИШ. Тамоми мардуми Тоҷикистон дар мубориза бар зидди хатари Ковид - 19 муттаҳид гардидаанд ва чорабиниҳои дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ин вабои аср андешидаи  Ҳукумати кишварро дасгирӣ менамояд. Саркардагони ташкилоти таррористӣ- экстреместии наҳзати ислом бошад,  бо паҳн кардани хабарҳои бардурӯғи воҳимаангез оид ба ин беморӣ мехоҳанд дар байни мардум нооромӣ ва нисбати давлат нобовариро эҷод намоянд.  Хислати манфиатҷӯёнаи онҳо ба ҳама маълум аст.  Дар амал  наҳзатиён парвои саломатии мардум надоранд.   Ба онҳо ба амал овардани нооромӣ дар кишвар лозим асту бас. Дар барномаҳои туҳматангезашон   ин гурӯҳи хиёнаткор худро аз ҳама доно метарошанд. Дар тамоми масъалаҳо худро ҳамчун коршинос ҷилва дода,  мардумро ба гумроҳӣ бурдан мехоҳанд.  Халқи тоҷик мақсади мароми наҳзатиҳоро дар амал дидаанд ва медонанд, ки  ин хиёнаткорон ба Тоҷикистон    танҳо бадбахтӣ меоранд. Ҷиноят ва хиёнати содирнамудаи аъзои ин ташкилот аз ёди мардум нарафтааст ва намеравад.  Пайдо гардидани бемории коронавирус ва сироятёбии ҳамватанон аз ин беморӣ барои онҳо фурсати муносиб аст барои паҳн намудани суханони бебунёди туҳматангез гардид.  Хушбахтона,  шиддати ин беморӣ дар ҷумҳурӣ паст ва  гирифторшавии одамон ба он кам гардидааст.  Ин ҳолат он баромадҳои туҳматангези наҳзатиҳоро дар бораи он, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирии ин беморӣ омода нест ва дар кишвар ҳазорҳо ҳазор одамон ба коронавирус  гирифтор гардида, бештари онҳо талаф меёбад, ботил ва  рӯсиёҳии онҳоро дар назди миллати тоҷик бори дигар тасдиқ намуд.

Сокинони кишвар хеле хуб медонанд, ки ин гурӯҳи хиёнаткор, ки дар хориҷ аз кишвар паноҳ мебаранд,  ҳеҷ гоҳ аз мақсади нопоки худ баргаштанӣ нестанд ва онҳоро душмани давлату миллати худ мешуморанд ва ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳанд, ки ҳаёти хушбахтонаи онҳоро касе халалдор созад.

Гавҳарбӣ Ғоибназарова, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг, аз ҳавзаи интихоботии №  12

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg