
ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг бо усули “хона ба хона” дар деҳаи Таги ҷари Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сироятии хавфноки Ковид-19 бо сокинон суҳбат доир намуданд.
Дар рафти суҳбат ба бошандагон барои пешгирӣ аз ин беморӣ маълумоти муфассал дода, таъкид намуданд, ки риояи беҳдоштии шахсӣ ва ҷамъиятӣ яке аз роҳҳои асосии пешгирии ин беморӣ мебошад. Гарчанде шиддати беморӣ паст гардида бошад ҳам, он маънои пурра аз байн рафтани онро надорад. Аз ин рӯ, дар ҳама ҳолат талаботҳои муайяннамудаи беҳдоштӣ бояд ҳатмӣ риоя карда шаванд. Бештар аз 86 нафар бошандагони манзилҳои истиқоматӣ, ки дар суҳбат иштирок намуданд, ба тавсияҳо ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ шинос гардиданд.