БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН ЗАМИНРО ҲАМЧУН МАНБАИ ДАРОМАД ИСТИФОДА МЕБАРАНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Як самти асоси  фаъолияти  кормандони   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалингро корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати истифодаи самараноки замин,   рӯёнидани ҳосили дилхоҳ ва  аз як замин ба даст овардани чанд ҳосил ташкил медиҳад .

Бо ин мақсад  онҳо  ҳамарӯза  аз ҳолати кор дар заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон ва дигар заминҳои дар ихтиёрдоштаи онҳо дидан намуда, барои истифодаи самаранок аз ин заминҳо ва рӯёнидани чанд ҳосил аз як замин  маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Мушоҳидаҳои ҳамарӯза нишон медиҳад, ки сокинон заминро манбаи асосии даромади худ дониста,  аз он самаранок ва мақсаднок истифода менамоянд. Махсусан  аз заминҳои  наздиҳавлигии  худ    тавассути меҳнати ҳалол фоида  ба даст меоранд. Мисоли ин гуфтаҳоро   кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  ҳангоми боздид аз заминҳои наздиҳавлигии  сокинони деҳаи Санговаки Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо бараъло мушоҳида намуданд. Дар суҳбатҳои дар ин рӯз доирнамуда зиёда аз 77  нафар  соҳибхонаҳо иштирок намуда, оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ   Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки замин маълумоти зарурӣ пайдо карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg