БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ БО СОХТМОНЧИЁН СУДМАНД АНҶОМ ЁФТ

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид аз рафти сохтмони ошёнаи дуюми  бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дидан намуда, бо сохтмончиён суҳбат намуд.

Зимни суҳбат, мавсуф нисбати пешигирии бемории сироятии коронавирус ва истифодабарии самараноки заминҳои кишоварзӣ суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки худ ва дигаронро аз ин пандемия ҳифз намоем ва инчунин ҳар як ваҷаб замини зархезамонро холӣ ва бекор нагузорем.

Дар охир ба сохтмончиён маҳлулҳои антисептикӣ ва варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ дастрас карда шуд.

       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg