БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАМИН-ОМИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар Маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Совет  бо усули “хона ба хона” вохӯрии волонтёрон ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  баргузор гардид.

Зимни  вохӯрӣ  мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик   Абдулманонов Сорбон  иброз  дошт,  ки  саломатии  ҳар  яки  мо  аз  худи  мо  ва  муҳити  зисти  мо  вобастагӣ  дорад. Аз ин лиҳоз моро месазад ба тозагии муҳити зист ва риояи гигиенаи шахсӣ муносибати ҷиддӣ карда, худ ва наздиконамонро аз ин бемории хавфнок эҳтиёт намоем. Ҳамзамон  мавсуф дар бораи  ҷалби  сокинон  ба зироаткорӣ,  кишоварзӣ  дар  ҳар  сотиқ  замин,  инчунин вусъат бахшидани корҳои бунёдкорию ободгароӣ бахшида ба 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки   фаъолияти   ҳизбӣ   андешаронӣ карда, сокинонро ба меҳнати софдилона ва амалҳои созанда раҳнамоӣ намуд.  Дар  охир  тавассути волонтёрон ба  иштирокчиён  варақаҳои иттилоотӣ ва  муроҷиатномаи ҲХДТ барои  пешгирӣ  аз  бемории  сироятии  коронавирус  (COVID – 19)  ва  истифодаи  самараноки  заминҳои  кишоварзӣ    дастрас карда шуд.

  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg