
ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдат бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Масъулин дар вохӯриву суҳбатҳо оид ба чи гуна пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ, риояи гигиенаи оилавӣ, худ ва дигаронро ҳифз намудан аз бемории сироятии коронавирус тавсияҳо дода, ҳамзамон ба сокинон маҳлулҳои антисептикӣ, варақаҳои тарғиботӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус тақсим карда шуд.