Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии №11 Назарова Анзурат дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумиии №5 2 синфхонаи фаннӣ маводҳои рангуборкунӣ кумак расонида шуд.
Ин иқдом аз ҷониби дигар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қобили қабул дониста шуда, дар оянда чунин иқдомҳои неку созанда роҳандозӣ карда мешавад.