НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ, ба хусус бемории сироятии короновирус ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳиро дар миёни сокинон пурзӯр намуда истодаанд.
Ҳамарӯза аз ҷониби Кумитаи иҷроия ба сокинон ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда истодаанд.
Зимни вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроия ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус маълумотҳо дода таъкид намуда истодаанд, ки роҳи асосии пешгирии дилхоҳ бемории сироятӣ ин риояи гигиенаи шахсӣ мебошад. Аз ин рӯ, яко яки моро зарур аст ҷиҳати пешгирӣ ва пурра аз байн бурдани ин беморӣ талаботҳо ва қоидаҳои санитарӣ ва гигиенаи шахсиро риоя намоем. Сипас, дар навбати худ сокинон аз иқдоми пешгирифтаи ҲХДТ ҷиҳати пешгирии ин беморӣ арзи сипос намуда, барои ҳарчи зудтар бартараф намудани ин беморӣ кӯшиш талош меварзанд.
Ҳамзамон, ҷиҳати самаранок истифода намудани заминҳои кишоварзӣ, ба хусус заминҳои наздиҳавлигӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба сокинон таъкид шуда истодааст, ки ҳар порча заминро самаранок истифода намуда, дар як сол то 2-3 ҳосил ба даст оранд.