БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДОИМО СОЛИМ БИМОНЕД!

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод бо мақсади баргузории корҳои тарғиботӣ ва фаҳмонидани чораҳои пешгирикунанда аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19, риояи гигиенаи шахсӣ, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ ва риояи масофаи ҳамдигарӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар маркази ноҳия бо иштироки намояндагону волонтёрони назди Кумитаи иҷроия Аксия  ҳизбӣ таҳти унвони «Доимо солим монед!» баргузор гардид. Масъулини ҳизб зимни баргузории Аксияи мазкур ба сокинони маркази ноҳия 100 дона ниқобҳои тиббӣ ва 115 дона варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуда, корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ дар бораи нишонаҳои беморӣ, роҳҳои пешгирии он ба шаҳрвандон тавсияҳо доданд. Инчунин, таъкид карда шуд, ки баҳри ҳифзи саломатии худ ва атрофиён безарурат ва бе ниқобҳои тиббӣ ба кӯча набароянд, хусусан, калонсолон саломатии худро нигоҳ доранд.

     

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg