КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа бо усули “хона ба хона” чорабинии ҳизбиро ҷиҳати пешгирии COVID-19 гузарониданд. Ҳадаф аз баргузории ин корҳо пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус буда, дар ин раванд ба сокинон оид ба пайдоиш ва роҳҳои пешгирӣ аз ин бемории хатарнок барои истифодаи ҳаррӯзаашон маълумотҳо дода шуданд.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби масъулин маводҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ ба таври ройгон дастрас карда шуданд.