БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҚДОМИ СОЗАНДАИ СОҲИБКОРИ ВАТАНӢ БОИСИ ДАСТГИРИСТ

КӮЛОБ. Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!”.  Имрӯзҳо дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб барои шароити хуби таълимӣ фароҳам овардан аз ҷониби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои созандагиву ободкорӣ рафта истодааст.

Чунин иқдоми созанда дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41-и шаҳри Кӯлоб ба роҳ монда шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки дар саҳни муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Наврӯз Комилов  бинои нави таълимӣ  бо шароити муосир сохта шуда истодааст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.

Дар ин амали созанда метавон гуфт, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “ Сино” саҳми арзанда доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg