КӮЛОБ. Корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ аз ҷониби масулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар деҳаҳои ҷ\д Даҳана оид ба самарнок истифода бурдани қитъаи замин ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии Коронавирус идома дорад.
Зимни суҳбат бо сокинони деҳаи Чинор ба шаҳрвандон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноку оқилонаи қитъаи замин расонида шуд. Аҳли заҳмат дастуру супоришҳоро сармашқи кори худ намуданд, инчунин, шаҳрвандонро барои риояи қатъии гигиенаи шахсӣ даъват ба амал намуданд.