![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/1%20%282%29_13.jpg?itok=OhipZtm_)
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар кӯчаю хонаҳои истиқоматии шаҳри Кӯлоб Аксияи тарғиботӣ бо усули “хона ба хона” ва “даст ба даст” доир ба масъалаи пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ташкил карда шуд.
Зимни баргузории Аксия дар деҳаи Лавоваи Ҷамоати деҳоти Даҳана қайд карда шуд, ки коронавирус ҳамчун бемории сироятӣ дар тамоми сайёра шинохта шудааст. Аз ин рӯ, дар муқобили ин беморӣ мубориза бурдан, бахусус риояи гигиенаи шахсӣ ва дигар тавсияҳои пешниҳодгардида аз ҷониби мутахассисон боиси солимии аҳли ҷомеаи мо хоҳад буд. Сипас, ҳангоми баргузории Аксияи хизбӣ таъкид гардид, ки хушбахтона дар кишвари мо сироятёбӣ ба ин беморӣ коҳиш ёфтааст ва аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри ҳифзи саломатии худу ҷамъият гигиенаи шахсии худро риоя намоянд.