КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ аз ҷониби масулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Даҳана оид ба самарнок истифода бурдани қитъаи замин ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус идома дорад.
Зимни суҳбат бо сокинони деҳаи Чинор ба шаҳрвандон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноку оқилонаи қитъаи замин расонида шуд. Аҳли заҳмат дастуру супоришҳоро сармашқи кори худ намуда, онҳо ваъда доданд, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ тамоми чораҳои амалиро ба истифода дода, бо меҳнати софдилона ҳосили дилхоҳ ба даст хоҳанд овард.