БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо ҳизбиён насли наврасро ба сӯйи ояндасозӣ ҳидоят менамоем!

ЁВОН. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 63-и деҳаи Тутчашмаи ҷамоати деҳоти Даҳана дидан намуда, бо як гурӯҳ хонандагони синфҳои 10 ва 11-и муассисаи мазкур вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоева Саёҳат бобати ғамхориву дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати маориф ва насли наврас, илмомӯзӣ, таълиму тарбия, эҳтироми падару модар ва омӯзгорон, тарғиби арзишҳои миллӣ ва фарҳанги либоспӯшӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ намуд.

Воқеан, омӯзгорон дар ҳар давру замон хазинаи тиллоӣ ва зиёиёни миллати тоҷик мебошанд. Маҳз омӯзгор метавонад, насли наврасро барои ояндасозӣ роҳнамоӣ кунад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро соҳаи афзалиятнок номида, ояндаи дурахшони кишварро аз хизмати содиқона ва меҳнати софдилонаи омӯзгорон арзёбӣ менамоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg