БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ғалаба мактаби омӯзиши ҷасорату мардонагӣ барои ҷавонон!

НОРАК. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дасгирии маъюбон ва оилаҳои ниёзманд дар арафаи иду ҷашнҳои милливу давлатӣ  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлатро дар амал татбиқ намуда, бахшида ба 73-юмин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба аёдати иштирокчии  ҷанг  Гулов Малах рафта,  аз ҳолу аҳвол ва шароити зиндагии  фарзанди шуҷоъи Ватан, истиқоматкунандаи маҳаллаи энергетикии шаҳри Норак, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ баҳри ҳимояи Ватан хизмати арзанда кардааст, аз назди шинос гардиданд.  

Гулов Малах дар синнӣ  91- умин баҳори умри хеш дар иҳота фарзандон,  наберагону аберагон бо шукургузорӣ  аз сулҳу ваҳдати комили Ватани биҳиштосо ва таҳти сарварии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатӣ пирӣ меронад.  Масъулин  зимни аёдат бо пири барнодил суҳбати саминона анҷом дода,  ӯро бо 73-солагии Рӯзи Ғалаба табрику муборакбод гуфта, бо туҳфаҳои  таъсисдодаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  шаҳри Норак сарфароз гардониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg