БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВУСЪАТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БАҲРИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС ДАР МАҲАЛ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҳаллаи Ахчаи Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави   ноҳияи Қубодиён бо усули “хона ба хона” чорабинии ҳизбӣ доир  гардид.  Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  дар   суҳбати мазкур  ҷиҳати бештар маълумот пайдо намудан аз пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID- 19) ба сокинон варақаҳои таблиғотиро тақсим карда,  даъват ба амал оварданд, ки дар ин давраи мураккаби зиндагӣ ҳама бояд ба қоидаҳои беҳдошти саломатӣ, риояи гигиенаи шахсӣ риоя кунанд ва заминҳои дар ихтирёдоштаро  самаранок истифода баранд, то ин  ки худ ва наздиконро аз ҳамагуна бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ доранду  буҷаи оилаи хешро бо ба даст овардани ҳосили фаровон ғанӣ гардонанд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg