БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ОММАФАҲМОНӢ РӮЗ ТО РӮЗ ПУРЗӮР МЕГАРДАНД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар якҷоягӣ бо гурӯҳи валантёрон ва кормандони масъули Кумитаи иҷроия  миёни сокинони Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.

Масъулин бо шаҳрвандон суҳбат намуда, ба ҳар як мусоҳиб риояи қоидаҳои гигиениро фаҳмонида, таъкид карданд, ки барои иҷрои сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии бемории  коронавирус ва захираи маҳсулоти озуқаворӣ шаҳрвандон бояд масъулияти ҷиддиро эҳсос намуда, саҳми худро дар ин самт гузоранд. Ҳамзамон, ба хотири маълумоти бештар доштани сокинон маводҳои таблиғотӣ оид ба масъалаҳои дар боло зикршуда тақсим карда шуд.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg