ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҳаллаи ба номи А.Қараеви Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва истифодабарии ҳар як ваҷаб замин бо усули “хона ба хона” вохӯриву суҳбатҳо доир гардид.
Дар рафти суҳбату вохӯрӣ масулин бо сокинон, вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ, варақаҳои таблиғотӣ дастрас карда, инчунин оид ба корҳои созандагиву ободонӣ, захираи маводи хӯрока бо истифодаи заминҳои корам дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон ибрози андеша намуданд. Сипас дар идомаи суҳбат масъулин сокинонро ба меҳнати софдилона ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ раҳнамоӣ карданд.