БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУДРО АЗ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУС ҲИФЗ НАМОЕД!

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирӣ аз хавфу хатари коронавирус дар маҳаллаи ба номи И.Сомонии Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук бо усули “хона ба хона”  бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро баргузор намуданд.

Дар чорабинии мазкур масъулин барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши шаҳрвандон, аз ҷумла риояи гигиенаи шахсӣ ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ маслиҳатҳо дода, сарчашмаҳои пайдоиш, роҳҳои гузариш ва роҳҳои пешгирӣ аз коронавирусро ба дарки ҳамагон расониданд. Сипас, ба ҳар яки онҳо варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирӣ ва хавфу хатари коронавирус тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg