БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ТАЪМИНИ МАВОДИ ҒИЗОӢ ТАЛОШ МЕВАРЗЕМ

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус, ки имрӯз сар то сари ҷаҳонро фаро гирифта, ҷомеаро ба ташвиш овардааст, раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Вахш Одилҷон Маҳмадов ва муовини раиси ноҳия Зоҳидзода Фариштамо дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10, ки дар  деҳаи Интернатсионалии  Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ  корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур Одилҷон Маҳмадов роҳҳои гузариши бемории сироятии коронавирус (COVID-19) ва роҳҳои пешгирии онро маълумот дод.

Дар рафти вохӯрӣ диққати асосӣ ба пешгирӣ намудани беморӣ, яъне риояи гигиенаи шахсӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз шаҳрвандон хоҳиш карда шуд, ки қоидаҳои тозагии хонаву таҷҳизотҳои он ва маҳал қатъиян риоя карда шавад.

Ҳамчунин, барои бештар маълумот пайдо намудани бемории коронавирус ба сокинон маводҳои таблиғоти ва ниқобҳои ҳифзкунанда тақсим карда шуда,  аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ба хотири таъмини зиндагии шоиста аз заминҳои наздиҳавлигии худ ва хоҷагиҳои ёрирасон ҳосилҳои дилхоҳ ба даст оварда, оилаи худро бо маводи озуқаворӣ таъмин созанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg