БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАКИЛОН ДАР КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ НИЗ САҲМ ДОРАНД

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо пуштибонӣ аз сиёсати иҷтимоӣ ва ҳимматбаландонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар якҷоягӣ бо вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Назарова Анзурат дар доираи тадбирҳои беҳдоштӣ ва ҳимояи солимии аҳолӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус COVID-19, миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд. Аз ҷумла, чунин иқдом бо усули “хона ба хона” дар Ҷамоати деҳоти Ҳалевард вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус доир гардида, дар суҳбат  Назарова Анзурат риояи ҳолатҳои санитарию эпидемиологӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тозагию ободонӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солимро ба дарки ҳамагон расонид.  Дар рафти чорабинии мазкур ба сокинон ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои тарғиботӣ аз ҷониби намояндагони ҳизби ноҳия тақсим карда шуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки зиндагиро дӯст доранд, ба фардо хушбин бошанд, худ ва наздиконашонро аз бемориҳои сироятӣ ҳифз намоянд, инчунин таъкид карда шуд, ки бе зарурат аз хона набароянд ва тавсияҳои табибонро риоя намуда, ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои таби баланд ва сулфаи хушк ҳатман ба беморхонаи маҳалли худ хабар диҳанд.
 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg