БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЛОМАТӢ ГАВҲАРИ БЕБАҲОСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирии бемории коронавирус навъи COVID-19 ва оқилона истифодабарии қитъаи замин дар Ҷамоати шаҳраки Балх бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Аксияи хизбӣ  таҳти  унвони «Аз бемории сироятии  коронавирус эмин бошем!» бо усули “хона ба хона” баргузор гашта истодааст.

Дар рафти мулоқот аз ҷониби кормандони масъули ҳизбӣ оид ба пешгирии паҳншавии вируси навъи “COVID-19”, риояи ҳатмии беҳдошти саломатӣ, истифодаи босамари заминҳои наздиҳавлигӣ, ҷалби сокинон ба корҳои созандагиву ободкорӣ  ва ба таҳлука наафтидани аҳолӣ маърӯзаҳо карда шуд. Дар охир миёни масъулин ва сокинон вобаста ба масъалаҳои болозикр саволу ҷавоб доир гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg