ВОКУНИШ. Таҷриба ва рушди ҷомеа нишон дода истодааст, ки тағйирпазирии табиати бархе аз инсонҳо зери таъсири омилҳои гуногун, аз қабили нафси саркаш, номуваффақиятӣ дар зиндагӣ, хиёнатпешагӣ ва фурӯхтани номусу нанг ба маъмулӣ мубаддал гаштааст. Ин бошад зуҳуроти басо хатарнок буда, нишонаи деградатсияи инсон ҳамчун мавҷуди иҷтимоию биологӣ мебошад. Яъне, хислатҳое, ки ба мавҷудӣ ё худ инсони хос тадриҷан аз байн рафта метавонад, ӯро ба мавҷуди бешууре, ки арзишҳои муқаддаси инсонӣ барояш бегонаанд, мубаддал гардонад.
Ин гуфтаҳо ба нафароне дахл дорад, ки имрӯзҳо дар зери домони хоҷагони хориҷии худ заифона паноҳ бурдаанду, Ватан-Модарро объекти ҳуҷум қарор додаанд. Ба инобат бояд гуфт, ки ҳуҷуми онҳо бо тиру туп нест, зеро аслиҳаи ҷангиро ин бардагон (ғуломон) қудрати бардоштан надоранд. Ҳуҷуми онҳо тавассути ҳарзагӯӣ ва суханфурӯшӣ аст. Бале маҳз суханфурӯшӣ, ки имрӯзҳо мутаассифона ба аслиҳаи муборизаи ин номардон ва қувваҳои пуштибони онҳо мубаддал гаштааст. Сайидюнуси Истаравшанӣ, Мирзои Салимпур ва ҳаммаслакони онҳо, ки чун канизони зархариди Кабирию наҳзатиҳои дигар ба хоҷагони берунаашон «содиқона» хизмат намуда истодаанд, манфуртарин чеҳраҳое мебошанд, ки бо хиёнати гӯшношуниди худ имрӯз номуси модару хоҳар, нанги падар ва ғурури бародарони худро фурӯхта, дар арсаи бенангӣ барои худ мавқеъ муайян карда истодааст. Тарҷумаи ҳоли ҳар яки онҳо бозгӯйи он ҳақиқатест, ки яке оқи падар асту дигаре дузди гузарро, сеюмин бошад олуда ба гардиши маводи мухаддир.
Дуруст аст, ки мубодилаи иттилоотии тавассути технологияҳои муосири иттилоотӣ амалкунанда аз нигоҳи вақт ва фазои фарогирии худ имкониятҳои васеъ дошта, доираи таъсиррасонии фарохро дарбар гирифта метавонад. Ин аст, ки имрӯзҳо маҳз ин нохалафон шабакаҳои интернетиро василаи ифроткунонии ҷавонон гардонида истодаанд.
Ин хиёнатпешагон фақат имрӯз доранд, онҳо андешаи фардо надоранд ва хуб ҳам дарк кардаанд, ки ҳар лаҳза нафси онҳо ба худи онҳо таалуқ надорад, балки дар ихтиёри хоҷагонашон мебошад. Бинобар ҳамин ҳам умеди пушаймонии онҳоро надорем. Фақат ҳамин аст, ки мо аз беномусии онҳо бори нанг мекашем.
Муминов Саидҷон, вакил аз гурӯҳи вакилии ҳизбии Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмои Ҷомӣ