Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо максади ба мардум фаҳмонидани хатару оқибатҳои бемории коронавирус намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар маҳаллаи Корвон 1-и Ҷамоати деҳоти Наврӯз бо усули «хона ба хона» ва дар байни кормандони саҳро чорабинии ҳизбӣ доир намуда истодаанд. Зимни суҳбат хотиррасон намуда истодаанд, ки ба гигиенаи шахсӣ аҳамият дода, ашёҳои рӯзгорро зуд-зуд тамиз намоянд, дастонашонро мунтазам бо собун шӯянд ва аз ниқобҳои тиббӣ истифода баранд. Шахсоне, ки сулфа доранд, ва ҳарорати баданашон баланд бошад ба берун набароянд ва ба табибони минтақавӣ муроҷиат кунанд.
Бояд қайд кард, ки бемории сироятии коронавирус имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Дар аксари кишварҳо новобаста аз корҳои ба сомон расонида ҳоло ҳам шумораи зиёди одамон ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Сироятёбӣ ва фавти одамон бар асари вируси мазкур дар ҳамаи кишварҳои дунё ба қайд гирифта шуда истодааст. Ҳамчунин, дар идомаи сухан истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир ба дарки ҳамагон расонида шуд.