БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБӢ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДРО ТАЛАБ МЕКУНАД

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии   ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ маҷлиси  Кумитаи  иҷроияи   ҲХДТ дар  ноҳияи   Абдураҳмони Ҷомӣ  баргузор гардид.

Дар маҷлис  узви  Кумитаи  иҷроияи  вилоятӣ ва  ноҳиявии  ҲХДТ, раиси  ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  Саиди Ёқубзод, вакилони Маҷлиси  вакилони  халқи  ноҳия, раисону  коргузорони ташкилотҳои  ибтидоии  ҳизбӣ  иштирок  намуданд.

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд   Ҳалимов  доир  гардида, дар  рӯзномаи  он  се масъала  баррасӣ  карда шуданд.

Масъалаи  аввали  маҷлис  фаъолияти  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ва ташкилотҳои ибтидоии он дар нимсолаи аввали соли 2020-ро таш кил дода, аз рӯи он муовини раиси Кумитаи  иҷроияи  ноҳиявии  ҳизбӣ Тӯйчӣ Маҳмадёров  гузориш дод.

Нисбати масъалаи дуюму сеюми  маҷлис дар бораи тақвими саёҳати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон   ва даровардани тағйиротҳо  дар ҳайати  аъзои   Кумитаи иҷроияи   Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон  дар ноҳияи  Абдураҳмони  Ҷомӣ раиси  Кумитаи  иҷроияи ноҳиявии  ҳизб   Муҳаммаддовуд  Ҳалимов  суханронӣ  намуд. Сипас,  дар идома чанде аз  аъзои Кумитаи иҷроияи  ноҳиявии  ҳизбӣ    ба музокира баромада, назару андешаҳои худро  перомуни  амалӣ  кардани қарорҳои  ҲХДТ  ва  дастуру  ҳидоятҳои  мақомоти  болоии  ҳизб  баён  дошта, барои  боз   ҳам  беҳбуд  бахшидани  фаъолияти  минбаъдаи  ҳизбӣ  ва таҳкими  обрӯву  нуфузи  он  дар  ҷомеа  пешниҳодҳои  мушаххасро манзур  карданд.  Дар  асоси  гузоришу  музокираҳо  нисбати  ҳамаи  масъалаҳои баррасиёфта,  қарорҳои  дахлдор қабул  карда  шуданд. 

Дар охир Саиди Ёқубзод  иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти  Олии   ҲХДТ, оид ба шарҳу тавзеҳ  ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  бо туҳфаҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳрии Тоҷикистон ва вазифаҳои  Оинномавию Барномавии  ҲХДТ-ро   аз ҷониби   ҳар  як  иштирокчии ҷаласа  муҳим арзёбӣ карда, ҳамагонро  барои  иҷрои  корҳои  дохилиҳизбӣ   дастуру супоришҳои мушаххас дод.  

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg