БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАВАҶҶУҲ БА ИСТИФОДАИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ХЕЛЕ ЗИЁД АСТ

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  ҳамарӯза  аз ҳолати кор дар  заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон ва дигар заминҳои дар ихтиёрдоштаи онҳо дидан намуда, барои истифодаи самаранок аз ин заминҳо ва рӯёнидани чанд ҳосил аз як замин  маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

Аз мушоҳидаҳои ҳамарӯза бармеояд, ки сокинон заминро манбаи асосии даромади худ дониста,  аз он самаранок ва мақсаднок истифода менамоянд. Махсусан  аз заминҳои  наздиҳавлигии  худ тавассути меҳнати ҳалол даромади калон  ба даст меоранд. Натиҷаи ин гуфтаҳо  дар деҳаи Чанори Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ  ба мушоҳида расид.

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  ҳангоми боздид    аз  заминҳои наздиҳавлигии  сокинон бо  меҳнати пурмаҳсули онҳо ҷиҳати рӯёнидани ҳосил баҳои баланд доданд.

Дар суҳбатҳои доирнамуда зиёда аз 67  нафар  соҳибхонаҳо иштирок намуда, оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтароам Эмомалӣ   Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки замин маълумоти зарурӣ пайдо намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg