БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ КОРОНАВИРУС ЭМИН БОШЕД!

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ ҷиҳати истифодаи самараноки қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар маҳаллаҳои ноҳия бо усули «хона ба хона» чорабинии ҳизбӣ доир намуда, ба аҳолӣ вобаста ба пешгирии ин вирус суҳбат карданд. Дар ин росто ба шахсони ниёзманд ниқобҳои яккаратаи муҳофизавӣ, маводҳои безараргардонӣ ва варақаҳои тарғиботиро тақсим намуданд. Ҳамзамон, доир ба риояи гигиенаи шахсӣ маслиҳатҳои муфид дода, ҳушдор доданд, ки агар мо  қоидаҳои беҳдоштиро қатъиян риоя намоем, метавонем аз ин мушкилоте, ки имрӯз ба сари мо омадааст, яъне бемории коронавирус  мебароем. Инчунин, бо аҳолӣ оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои ба истилоҳ Президентӣ ва заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ дастурҳои судманд дода шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg