БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАКИЛИ МАРДУМӢ АЗ ШУЪБАИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ДИДАН НАМУД

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, муовини раиси шаҳри Левакант Зуҳро Иброҳимзода аз вазъи шуъбаи бемориҳои сироятии назди Беморхонаи марказии шаҳри Левакант, ҳолати омодагӣ ба эҳтимоли хуруҷ ёфтани бемории коронавирус ва таъминоти маводҳои дорӯворӣ ва муҳофизатӣ барои табибон бохабар гардид.

Мавсуф  изҳор дошт, ки вазъи муташанниҷи кишварҳои ҷаҳон моро ҳушдор месозад, ки ба эҳтимоли хуруҷи нави бемории коронавирус   масъулияти баланд ва омодагии ҷиддӣ дошта бошем. Тарзи дурусти корбарӣ, сари вақт ошкор ва ба табобат фаро гирифтани сироятшудагон имкон медиҳад, ки пеши роҳи паҳншавии беморӣ гирифта шавад.

Файзулло Гурезов, муовини сардухтури Беморхонаи марказии шаҳр хабар дод, ки айни ҳол дар шуъбаи бемориҳои сироятӣ  7 нафар беморон бо аломатҳои ин беморӣ бистарӣ гардидаанд, ки дар ҳолати қаноатбахш қарор доранд.Гуфта шуд, ки дар шуъбаи бемориҳои сироятӣ тамоми маводҳои дорувории зарурӣ ва либосҳои муҳофизатии тиббӣ таъмин буда, 60 адад кат омодаи қабули беморон мебошад. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg