БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КУЛУХ ДАР ДЕВОРИ ХУШК НАМЕЧАСПАД

ВОКУНИШ. Сокинони мамлакат ҳамарӯза шоҳиди як дастоварди бузурги меҳнатӣ дар кишвар  мегарданд.   Бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, нерӯгоҳҳои  барқӣ  - обӣ, бунёди муассисаҳои нав ба нави таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва муассисаҳои хизматрасонӣ ва дигарҳо дар ҳар як шаҳру ноҳия ба мушоҳида мерасад.   Мисоли гуфтаҳои болоро дар пешрафту тараққиёти ноҳияи зебоманзари Ховалинг низ бараъло  дидан мумкин аст. Дар асоси сиёсати созанда  ва бунёдкоронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Ховалинг дар чанд соли охир симои худро ба куллӣ  дигар намуд. Ҳамасола сохта ба истифода додани   биноҳи хуштарҳу замонавӣ,  кӯчаҳои васеъи асфалтпӯшу гулпӯш,  гулгашту майдонҳо,  алалхусус майдони Нишону Парчам ба ҳусни ноҳия ҳусни нав зам менамоянд.Ҳамаи ин дастовардҳо дар  замони истиқлолият дар ноҳияе ба амал омадааст, ки  аз маркази ҷумҳурӣ хеле дур ҷойгир буда, асоси хоҷагии халқашро кишоварзӣ, чорводорӣ ва боғу  ҷангалпарварӣ ташкил медиҳад.     

Вале душманони миллат -роҳбарони гурезпои ТТЭ Ҳизби наҳзати ислом  ва Паймони дурӯғини миллии Тоҷикистон  ба ҳамаи ин  пешравию дигаргуниҳо  бо чашми бад, ғаразнок менигаранд ва онҳоро нодида мегиранд.   Шоҳидем, ки яке аз барандагони барномаҳои туҳматангези ин ҳизб дар барномаи бо ном Минбари муҳоҷир шарм надошта, нисбати давлату миллат ғаразгӯӣ намуд.   Дар ҷавоб  ба ин баромад ӯро рӯсиёҳ гуфтем ва дар ҳақиқат чунин аст.  Зеро одаме, ки аз кӯчаи одамгарӣ гузашта бошад,  ҳеҷ гоҳ дурӯғ намегӯяд.   Кори шударо ношуда баён намедорад. Овардани як мисол шояд кофӣ бошад, ки  душманони миллат аз ғаразгӯӣ даме хомӯш бимонанд.   Ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо супориши Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳар як шаҳру ноҳия иншоотҳои зиёди гуногун сохта ба истифода дода мешаванд.  Ба ин хотир аз Ҳукумати ҷумҳурӣ шахсони масъул вобаст карда шуданд, ки ба рафти корҳои ободонию созандагии ба нақша гирифташуда назорати доимӣ мебаранд. Дар давоми ду сол дар ноҳияи Ховалинг зиёда аз 300  иншоотҳои гуногун, аз ҷумла   сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, хизматрасонӣ, хонаҳои истиқоматӣ, роҳу купрук, муассисаҳои варзишӣ, гулгашту хиёбонҳо ва дигарҳо сохта ба истифода дода мешавад, ки аллакай қисмати зиёди онҳо сохта  шудаанд.

Мегӯянд, ки кулух дар девори хушк намечаспад. Сухани душманони миллат ҳам ба ҳамин монанд аст. Ахиран рӯи онҳо дар ҷашнгирии 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз аксар давлатҳои ҷаҳон меҳмонон ташриф меоваранд ва аз дигаргуниҳои дар мамлакат ба амаломада ангушти ҳайрат мегазанд, сиёҳтар мегардад. Бори дигар кӣ будани онҳо ва чӣ мақсади нопок доштанашон ба оламиён равшан мегардад.

Сунатулло Сайфуллоев, мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳияи Ховалинг, аъзои гурӯҳи таҳлилии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

  

 

     

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg