
ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант зимни баргузории суҳбату вохӯриҳо бо аҳолӣ талош доранд, ки мардумро баҳри муносибати ҷиддӣ доштан ба қоидаҳои гигиенӣ ва беҳдоштӣ таъкид мекунанд.
Бо усули “хона ба хона” дар ҳудуди шаҳр бо 65 хонавода вохӯрда, инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва кӯчаҳо дар умум бо 258 нафар шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ тақсим намуданд.
Зимни мулоқотҳо ҳамеша таъкид мегардад, ки дар шароити хурӯҷ ва паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ солим мондани шахс танҳо аз худи ӯ вобаста аст.