БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таъкидҳои доимии Пешвои миллат: «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад»!

ЛЕВАКАНТ. Дар шаҳри Левакант шанбегии умумишаҳрӣ баргузор гардид.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Левакант иқдом гирифтанд, ки дар шанбегии умумишаҳрӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои  2018-2028» саҳми арзандаи худро гузоранд.

Аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ин чорабинии мазкур фаъолона  иштирок карда, боғи Ғалабаи шаҳрро тозаю озода карда, дарахтонро сафед ва бехи онҳоро нарм ва дар роҳравҳо  гулҳои мавсимиву ороишӣ шинонданд, ки ба ҳусни як гӯшаи шаҳр ҳусни дигар зам намуданд. Ҷалб намудани ҷавонон ба корҳои ободониву созандагӣ ба хотири бедор дар замири онҳо бедор намудани  ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ аст. Иштироки намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шанбегии мазкур ба хотири пос доштани ёди  иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, ки онҳо бевосита баҳри ҳифзи Ватан ҷоннисорӣ карда, барои ояндагон як фазои орому осуда фароҳам оварданд. Мо ояндагони Ватан  вазифадорем, ки то абад хотири онҳоро пос дорем.

        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg