
КӮЛОБ. Дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!”. Ҷихати амалӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ, тозаю зебо гардонидани маҳалли зист, ва дохили ташкилоту муассисаҳои таълимӣ, ҳамзамон сазовор таҷлил кардани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 ба ҳашари умумӣ баромада, як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расониданд.
Дар амалишавии корҳои ободонӣ ва таъмиру азнавсозии утоқҳои кории омӯзгорону синфхонаҳои хонандагон, инчунин саҳми волидайни хонандагон низ назаррас мебошад.