
КӮЛОБ. Дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба соли нави хониш дар шаҳри Кӯлоб бо дастгирии шахсони саховатпеша ва ассотсиатсияи падару модарон муассисаҳои таълимӣ таъмир гардида, дар соли нави таҳсил ба истифода дода мешаванд.
Дар муассисаи томактабии №6-и шаҳри Кӯлоб рангу бори синфхонаҳо идома дошта, то ин дам бо дастгирии ассотсиатсияи падару модарон қисме аз онҳо ба истифода дода шуда, дар ин самт корҳо бомаром рафта истодаанд.