БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРОҒОЗИ ВАТАНДОРӢ МАҲАЛДОРИСТ

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ,  бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо  усули “хона ба хона” дар деҳаи Даҳанаи Ҷамоати деҳоти Даҳана вохӯриҳо баргузор гардид.

Дар чорабинии ҳизбӣ бо аҳли оила ва мардуми деҳа оид ба истифодаи оқилонаи замин, гирифтани ду-се ҳосил дар як сол, риояи қатъии гигиенаи шахсӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ  дар ҷойҳои ҷамъиятӣ  ва роҳандозӣ намудани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба ифтихори  ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ  аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ мулоҳизаронӣ карда шуда, сокинон барои анҷом  амалҳои созанда ҳидоят карда шуданд.

 

        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg