
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус "COVID-19" аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии “Бозори марказӣ”-и ноҳия корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти маводҳои таблиғотӣ гузаронида шуд.
Масъулин зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ қайд карданд, ки ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, барои ҳифзи солимии худ ва ҷомеа аз қоидаҳои беҳдоштӣ самаранок истифода намоянд. Ҳангоми сулфидан ё атса задан даҳону бинии худро бо рӯймолча пӯшонанд, баъди анҷоми ин амал фавран рӯймолчаро партоянд, дастонро бо собун шӯянд ва ҳангоми нафаскашӣ даҳон ва бинии худро бо ниқобҳои гигиенӣ пӯшонанд.