БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА САҲМ МЕГУЗОРЕМ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи ба номи Б.Ҳакимови Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук доир ба самаранок истифода кардани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии короновирус бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ мулоқот доир карда шуд.

Зимни вохӯрӣ масъулин оид ба самаранок истифодабарии ҳар як ваҷаб қитъаи замин бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ бо шаҳрвандон суҳбат намуда, қайд карданд, ки бо кишт намудан ва гирифтани ҳосили дилхоҳ, ки ба баланд бардоштани иқтисодиёт ва шароити хуби зиндагӣ мусоидат менамояд, саҳмгузор бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg