БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Қаҳрамонон намемиранд, ёди онҳо то абад дар хотираҳо боқист!

КУШОНИЁН. Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни Рӯзи Ғалаба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Кушониён  ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар робита бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ҷамоати деҳоти Меҳнатобод  чорабинии идонаро  дар сатҳи баланди фарҳангӣ  гузаронид.  

Дар чорабинии  фарҳангӣ роҳбари   намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Асроров Саидшо ва кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”   иштирок намуданд.

Инчунин, хонандагони муассиса маҳорату малакаи худро дар мавзӯъи тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстӣ  дар сатҳи баланд  нишон дода, баъдан дар толори фарҳангӣ аз ҷониби хонандагон сурудҳо дар васфи Рӯзи Ғалаба,   саҳначаҳо ва рақсҳо дар мавзӯъи  ҷоннисорию ватанпарварӣ ба саҳна гузошта шуд. Мақсади асосии ташкилу баргузории  чунин чорабиниҳо поси хотири қаҳрамони миллат, дар замири ҷавонону наврасон бедор кардани  ҳисси ватандӯстиву худогоҳии  миллӣ мебошад.   

Дар анҷоми чорабинӣ Асроров Саидшо ба  сухан баромада,  ҳамагонро ба  ҷашни бошукӯҳ, иди зафар табрик намуда, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ, омӯхтани таъриху фарҳанги миллати тоҷик,  қаҳрамонии фарзандони далеру шуҷоъи миллат ва эҳтиром гузоштан ба бузургону қаҳрамонони тоҷику Тоҷикистон раҳнамоӣ намуд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg