БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЙБИ ХУД АБЛАҲ НАБИНАД ДАР ҶАҲОН...

ВОКУНИШ.  Имрӯз падидаи номатлуб терроризм ва экстремизм, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари зиёде эҷод намудааст, метавонад на танҳо ба як миллату халқият,  балки  ба ҳамаи миллату давлатҳо хатари нестӣ эҷод намояд. Имрӯз роҳбарони ТТЭ Ҳизби наҳзати ислом ва бо ном Паймони миллии Тоҷикистон, аз тарси ҷазо дар  хориҷ аз кишвар паноҳ мебаранд, бо суханҳои бофтаю сохта, ғаразнок  мехоҳанд дар ҷумҳурӣ боз нооромиро ба вуҷуд биоранд. Онҳо пешрафту тараққиёти кишварро чашми дидан надоранд. Баръакс мехоҳанд, дар Тоҷикистон  ягон пешравӣ ва зиндагии мардум беҳбудие ба амал наояд, то ки  душманони давлату  миллат барои танқиди Ҳукумати Тоҷикистон  ва ноором сохтани кишвар мавзӯъ биёбанд.  Вале ҳайҳот,  сокинони кишвар на онҳое ҳастанд, чун солҳои навадум  ба домонашон чормағзи пуч пур намоед ва онҳоро барои амалигардонии мақсадҳои нопоки худ  ба ҷанги шаҳрвандӣ кашед. Худро ғамхори халқ, ғамхори муҳоҷирони меҳнатӣ вонамуд мекунед.  Ғамхори ҳамон халқе , ки бо сабаби низоандозии шумо фарзанд, хонумонашро аз даст дод.  Аз тарс гуреза шуд ва азоби ғарибиро чашид. Ҳамон халқе, ки аз дигар миллату халқиятҳо не, балки аз ҳаммиллати худ метарсид.  Аз хона мебаромад умеди дубора ба хона баргаштан надошт. Ҳамон мардуме, ки аз нарасидани маводи ғизоӣ ва истеъмоли кунҷораю сабус  ба касалиҳои гуногун гирифтор шуд  ва талаф  ёфт. Он захми табаре, ки ба сари давлату миллат задаед, доғаш ҳеҷ гоҳ аз хотирот  намеравад. Зеро ҳар қадами  нопоки шумо дар таърихи халқ бо хати сиёҳ навишта шудааст.  Кию чӣ будани шумо ва чӣ мақсад доштанатонро ҳама медонанд.   Шумо ҳеҷ гоҳ аз мақсади нопоки худ даст намекашед. Агар чунин намебуд, баъди авфи гуноҳ  шумо боз даст ба ҷинояти вазнинтарин – хиёнат ба давлату миллат намезадед. То имрӯз бисёре аз аъзои ҲНИ бо иқрору пушаймонии  аъзои ин ҳизб шудан авф гардиданд ва чун дигар сокинони мамлакат зиндагӣ ба сар мебаранд. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки дар охири охир Кабирӣ мемонаду гуноҳояш. Ҳамаи онҳое, ки дар охир кӣ будани ӯро медонанд, аз ӯ рӯ метобанд.  

Шарипов Сайҷамол, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg