БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИСТ ВАТАН, ЗАБОН, НАЖОД ВА ДИН НАДОРАД

«Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бо гуноҳи азими роҳбарони ҳизби миллаткуш, яъне собиқ ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ва хоҷагони хориҷии онҳо, яъне хоинону душманони миллати тоҷик ба давлати тозаистиқлоли тоҷикон рух дод, боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон гардид.»

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

ВОКУНИШ. Чанд рӯз пеш дар ҳалқаи хонавода ман филми ҳуҷҷатии хиёнатро таввасути оинаи нилгун тамошо  кардам, филми мазкур маро ҳамчун як ҷавоне, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳманро пуштибонӣ менамоям, водор намуд, ки дастонамро ба гиребон бурда,  шукрона намоям, шукрона аз тинҷиву осоиштагии кишвари биҳиштосоям -Тоҷикисон  ва пеш аз он ки дар даврони тинҷиву осоиштагӣ соҳиби маълумоти олӣ гардидам ва тавонистам, ки донишу савод гирам. Чунки агар он номатлубон фишанги қудратро ба даст мегирифтанд, фазои илмиву фарҳангӣ  тамоман нобуд мегардид.

Чуноне, ки Президенти кишвар дар яке аз суханрониҳои худ қайд намудаанд: «Террорист Ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кумак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст». Воқеан ҳам ин омили номатлуб дар ниқоби ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯъи Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) дар мамлакати мо ҳанӯз солҳои 90-ум зуҳур кард .Ифротгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ дорад. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Сайдамир Ғафуров, мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg