БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗУДТАР НЕСТ ШУДАНИ COVID-19 ОРЗУИ ҲАР ЯК СОКИНИ САЙЁРА АСТ

АНДЕША. Оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус Covid-19 ҳаминро қайд намудан зарур аст, ки пеш аз ҳама шаҳрвандон корҳои безараргардонии манзили зист ва риоя намудани гигиенаи шахсиро бояд риоя намоянд. Тибқи гуфтаи эпидемилогҳо ва сироятшиносони барҷастаи ҷаҳонӣ пеш аз ҳама тез-тез шустани дастон бо собун, риоя намудани масофа дар мадди аввал меистад. Дар ҷои кушод гаштугузор намудан, тез-тез иваз намудани боду ҳавои хона ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ салом накардан, бӯсидан ва бо ниқобҳои муҳофизатӣ сайру гашт намудани шахс тавсия дода мешавад.

Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи омори охир зиёда 5000 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 3400 нафар шифо ёфтаанд. Имрӯз масъалаи мубориза бо COVID-19 дар мадди аввали давлату Ҳукумати  Тоҷикистон қарор дорад. Аммо хоинони миллат вазъи баамаломадаро вобаста ба коронавирус ба нафъи худ истифода бурда, бо паҳн намудани овозаҳои бардурӯғ мехоҳанд, мардумро ба гумроҳӣ баранд. Аммо, боварии комил дорам, ки мардуми шарафманди тоҷик гапу овозаҳои дурӯғро аз рост, сиёҳро аз сафед фарқ мекунанду худиро аз бегона мешиносанд.  Тавре, ки Пешвои миллат дар яке аз баромадҳои худ иброз дошта буданд, “Мо мардуми худро танҳо намегузорем”. Халқи тоҷик таърихи пурифтихори дуру дароз дорад. Дар давраи маҷудияти худ мо тоҷикон чандин марҳилаҳои сангину вазнин, пуршарафу ҳассосро паси сар намуда, ба соҳибистиқлолӣ расидем. Ва боварии комил дорам, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи Тоҷикистон бо иттиҳоду муттаҳидӣ бар зидди ин вабои аср мубориза бурда, бо он зафар меёбем. Баъзе аз кишварҳои олам аллакай дар бораи зафарёфтанашон ба ин вируси даҳшатзо хабар доданд. Аммо ин хабарҳо пурра ифодакунандаи ғалаба ба COVID-19 набуда, набард бо он идома дорад.  Имрӯзҳо ҳар як сокини сайёра орзуи онро дорад, ки ҳар чӣ тезтар COVID-19  дар рӯйи ҷаҳон пок шавад. Боварии комил дорам, ки он рӯз дер нест, ки ҷаҳон аз ин вабои аср тоза гашта, ҳаёти мо ба маҷрои муқаррарии худ боз мегардад. Моро танҳо лозим аст, ки босабру таҳаммул бошему талаботи тавсиянамудаи мутахассисонро риоя карда, саломатиамонро ҳифз намоем. Бо умед, ҷомаи амал пӯшидани умеди тамоми сокинони сайёра дасти дуо мебардорем, ки ҳар ҷи тезтар коронавирус аз ҳаёти оламиён нобуд, шавад. Дар ин рӯзҳои барои оламиён душвор ва вазъи душвори иқтисодӣ дар пайравӣ аз амалҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бозори Ҳоҷӣ Шариф” ба муассисаҳои тиббии вилояти Хатлон, ба оилаҳои табибоне, ки бар зидди бемории коронавирус мубориза  мебаранд, чандин маротиба кумакҳои гуногун расонидааст.  Ҳамзамон,  дар назди роҳбарияти бозори “Ҳоҷӣ Шариф” ситоди дохилидоравӣ оид ба муқовиммат бо коронавирус таъсис ёфта, ҳамарӯза бо соҳибкорон, фурӯшандагон ва мизоҷони бозор дар якҷоягӣ бо кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда мешаванд. Инчунин,  дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар  дар  ин давра 6 маротиба дар ҳудуди Бозор Аксияҳои ҳизбӣ таҳти унвони “Ниқоб” баргузор карда шуд, ки ба соҳибкорону харидорони бозор зиёда аз 6000 адад ниқобҳои муҳофизатӣ, 4000 адад маводҳои таблиғотӣ ва 4500 адад маҳлулҳои антисептикӣ ройгон тақсим карда шуданд.

Соҳибов Зубайдулло, узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg