
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус бо иштироки фаъолони аъзои маҳфили волонтёрон ҷиҳати безарар гардонидани муҳити зист дар маркази ноҳияи Ҷамоати шаҳраки Баҳор дар кӯчаҳои ба номи Исмоили Сомонӣ ва Бобоҷон Ғафуров корҳои безараргардонӣ баргузор намуда, роҳу роҳравҳо, манзили зисти сокинон ва биноҳои маъмурии ташкилоту муассисаҳои дар ин кӯчаҳо ҷойгирбударо бо маҳлули гипохлориди калсий дезинфексия намуда, безарар гардониданд.