БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОҲИШ ДОДАНИ ХУРУҶИ КОРОНАВИРУС ДАР ДАСТИ ҲАР ЯКИ МОСТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохтии бештари манфиатҳои миллӣ. Бемории сироятии коронавирус имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, дар аксари кишварҳо новобаста  аз  корҳои  ба сомон  расонида  ҳоло  ҳам шумораи зиёди одамон ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Сироятёбӣ  ва фавти одамон ба асари вируси мазкур дар ҳамаи  кишварҳои дунё  ба қайд гирифта шуда истодааст.  Бо  мақсади   ба мардум фаҳмонидани хатару оқибатҳои бемории коронавирус гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав  дар деҳаи  Гулзори Ҷамоати деҳоти Фирӯза  бо усули «хона ба хона»  корҳои таблиғотиро ба роҳ монданд.   

Зимни  баргузории чорабинии  мазкур  масъулин сокинонро  хотиррасон  намуданд, ки  ба  гигиенаи  шахсӣ  аҳамият  дода, ашёҳои  рӯзгорро зуд-зуд  шуставу тамиз   намоянд,  дастонашонро   мунтазам  бо  собун  шӯянд ва  аз  ниқобҳои  тиббӣ  истифода  баранд. Шахсоне, ки  сулфа  доранд  ва  ҳарорати  баданашон  баланд  аст,  ба  берун  набароянд ва ба табибони минтақавӣ  муроҷиат кунанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg