ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Бо мақсади ба мардум фаҳмонидани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ оид ба истифодаи самараноки замин дар асоси Аксияи таблиғотии “хона ба хона” кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҳамарӯза бо заминистифодабарандагон суҳбат гузаронида, дар баробари боздид аз ҳолати истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ, Президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба соҳибони ин заминҳо барои нигоҳубин ва обу ғизодиҳӣ маслиҳатҳо медиҳанд.
Чунин вохӯрию суҳбат дар деҳаи Даҳани шоли Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо гузаронида шуд. Иштирокдорон аз суҳбатҳои доирнамуда ҷиҳати нигоҳубин ва ғизодиҳии маҳсулотҳои киштнамудаашон маълумоти зарурӣ пайдо намуданд.Боиси қаноатмандист, ки ҳангоми боздид замини холӣ ва беистифодамонда ба мушоҳида нарасид.