ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” бо бошандагони кӯча, маҳалла ва деҳаҳои ноҳия суҳбатҳо доир намуда, онҳоро барои риояи талаботҳои беҳдоштӣ раҳнамоӣ мекунанд.
Чунин суҳбати судманд бо сокинон дар кӯчаи ба номи Сафар Амиршоеви Ҷамоати шаҳраки Ховалинг гузаронида шуд, ки дар он бештар аз 82 нафар соҳибхонаҳо иштирок доштанд.
Дар суҳбат ба иштирокдорон фаҳмонида шуд, ки бемории Ковид -19 дар ҷумҳурӣ пурра аз байн нарафтааст ва ҳоло ҳам гирифторшавӣ ба ин беморӣ дида мешавад. Аз ин рӯ, мардум набояд бепарво бошанд, зеро бепарвогии мо метавонад ба ин беморӣ имконият дода, саҳти паҳншавии он шиддат ёбад. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди худогоҳро мебояд, ки талаботҳои беҳдоштии шахсӣ ва ҷамъиятиро қатъӣ риоя намуда, ба паҳншавии он роҳ надиҳад.