БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ДАР МАҲАЛ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва риояи қоидаҳои сироятёбии мардум кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Аксияҳои ҳизбиро ташкил карда, корҳои тарғиботӣ- ташвиқотиро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии тиббии шаҳрвандон, беҳтар намудани чораҳои пешгирии паҳншавии сироятёбӣ аз бемории мазкур дар маҳаллаи ба номи Сотим Улуғзодаи Ҷамоати шаҳраки Москва бо усули “хона ба хона” гузарониданд.

Зимни вохӯриҳо мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев таъкид намуд, ки яке аз роҳҳои эмин мондан аз ин беморӣ риояи гигиенаи шахсӣ, аз издиҳом дур будан, бе зарурат ба кӯча набаромадан ва риояи қоидаҳои беҳдошти дар хонадон мебошад. Инчунин, таъкид гардид, ки коҳишёбии беморӣ маънои пурра аз байн рафтани онро надорад ва бепарвоӣ нисбати бемории сироятии коронавирус метавонад сафи сироятёфтагонро зиёд намояд.

Ба сокинони маҳаллаи мазкур муроҷиатномаи ҲХДТ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус тақсим карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg